Дар шаҳри Ваҳдат ба ятимон маводи таълимӣ туҳфа менамоянд
Ваҳдат,24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дастгирӣ намудани ятимону эҳтиёҷмандон ҳамоиши «Мактаб-даргоҳи маърифат»-ро доир намуд ва дар соли хониши 2016-2017 ба 12 нафар ятими эҳтиёҷманд маводи таълимӣ туҳфа намуданд. Ҳамзамон ин амали хайрро соҳибкорони бонанги шаҳр идома медиҳанд.
Чуноне ки дар суханронии худ Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Фарзанд меваи умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд». Пас, падару модар, омӯзгорон ва ҳар як фарди солимро лозим аст, ки аз тарбияи фарзанд дур набошанд. Чунки ояндаи миллати тоҷик дар дасти насли наврас аст. Онҳо созандагони ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшони миллат ҳастанд, зеро таълиму тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси падару модар, ҷомеа ва давлат мебошад.