Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯз яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳими мо амалӣ гардид»

Август 24, 2016 10:01

Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи нахустин нақби роҳи оҳани мамлакат-  Ҳулбук бо дарозии 2 ҳазору 209 метр изҳор дошт, ки тамоми талошҳои Ҳукумати мамлакат бо татбиқи сиёсати муваффақи баровардани кишвар аз мушкилоти коммуникатсионӣ барои рушди ҷомеа ва таъмини некуаҳволии мардум равона шудааст.
Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб изҳор дошт, ки имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад, зеро дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ- 25-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо амалӣ гардид.

Август 24, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад