Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди муназзами иқтисодиёти кишварро бе ташкили инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ таъмин намудан ғайриимкон аст»
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти он, ки рушди муназзами иқтисодиёти кишварро бе ташкили инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ таъмин намудан ғайриимкон аст, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, то ба имрӯз барои аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ карда шудаанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб изҳор доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, кишваре, ки дар назди худ ҳадафи пешрафту тараққиётро гузоштааст, бе сохтмону навсозӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ рушди муназзаму устувори худро таъмин карда наметавонад.
«Маҳз ба ҳамин хотир, дар тӯли солҳои истиқлолият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд ва 190 километр хатти нави роҳи оҳан сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд», — таъкид намуданд Пешвои миллат ва илова намуданд, ки аммо ин ниҳояти кор нест, зеро татбиқи пурраи ҳадафи зикршуда барои кишвари мо аҳаммияти стратегӣ дошта, солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳимму афзалиятнок идома дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо ин мақсад, ҳоло дар соҳаи нақлиёту роҳсозии кишвар татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






