Гулгаштҳои зебо дар шафати роҳи Душанбе-Турсунзода
Ҳисор, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар» /. Ба таври замонавӣ таъмиру таҷдид шудан ва мавриди истифода қарор гирифтани роҳи Душанбе-Турсунзода имкон дод, ки равуои мусофирон осон гардад. Дар шафати шоҳроҳи мазкур дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 1418 бех ниҳолҳои ороишӣ ва 70 ҳазору 925 бех гулҳои ҳархела шинонида шудаанд.
Айни ҳол нашъунамо ва сабзиши дарахтон ва гулу буттаҳо хеле хуб буда, барои нигоҳубини онҳо мутасаддиён вобаста шудаанд.
Боиси зикр аст, ки дар гулгаштҳои дохили ин роҳ парвариши гулҳои гуногун ва доимо шукуфон таъби бинандаро шод карда, манзараи хеле зеборо падид овардааст.