Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа

Август 25, 2016 11:54

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд гардида, қисмати бештари онро иншооти варзишӣ, ба монанди майдонҳои хурду калони бозии футбол, валейбол, баскетбол, теннис, толорҳои машқи бадан ва қасри намудҳои варзиши обӣ ташкил медиҳанд.

Тавре зикр гардид, калонтарин майдони футболи ин маҷмаа барои 25 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва аз ҷиҳати тарҳи меъморӣ дар кишварҳои минтақа назир надорад.

Зимни муаррифии лоиҳаи Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо ҳамзамон як кӯли сунъӣ сохта мешавад ва ҷиҳати таъмини истироҳати сокинон дар майдони 12 гектари дигар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ дар ин иншооти азими варзишию фароғатии муосир тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар солҳои наздик бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши рангини театрикунонидашуда оғоз гардид, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Август 25, 2016 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд