Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015”
Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъди ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ ва шиносоӣ бо шароити он дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо барои бунёди меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015” санги асос гузоштанд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои меҳмонхонаи муҳташам аз 11 ошёна иборат хоҳад буд ва он дар масоҳати 0,3 гектар бунёд мегардад.
Дар ин муҷтамеъ 304 ҳуҷраи барҳаво, 3 маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, 6 тарабхона, кошонаи ҳусн, ҳамом сохта шуда, дар боми бино бошад, тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир мешавад.
Фармоишгар ва пудратчии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дарё -2015” мебошад ва муҳлати сохтмон 2 сол муайян гардид.
Масоҳати умумии муҷтамеи меҳмонхона, ки аз аквапарк, майдони футбол, баскетбол, волейбол, ҳавзи калони шиноварӣ, боғи кудакона ва таваққуфгоҳ иборат хоҳад буд, 4,2 гектарро ташкил медиҳад.
Баъди ба истифода додани меҳмонхонаи мазкур 150 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Аснои муаррифии лоиҳаи бунёди меҳмонхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба таъмини сифати кор дар вақти бунёди сохтмон ҳидоят карданд.











Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






