Ифтитоҳи муассисаи томактабӣ барои 300 нафар дар шаҳри Сарбанд
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанди Вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Обшорони шаҳр Муассисаи томактабии хусусии “Малика”-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Қобил ба тазаккур аст, ки Муассисаи томактабии хусусии “Малика” аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Мадина Асадуллоева бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.
Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Собир-Самт » бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар Муассисаи томактабии хусусии “Малика”, ба соҳибкорзани маҳаллӣ ва сохтмончиён барои бунёди чунин як бинои муосир барои ташаббуси ватандӯстонаашон изҳори сипос намуданд. Бинои наву замонавии боғчаи бачагон дар маҳаллаи Обшорони шаҳри Сарбанд бо маблағи умумии 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бо ифтитоҳи ин муассиса 25 нафар сокини маҳаллӣ имкон пайдо карданд, ки бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гарданд. Бояд гуфт, ки дар ин муассисаи томактабӣ тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду бош муҳайё карда шудааст. Муассисаи томактабии хусусии “Малика” аз хонаи хобу бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Дар инҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони сарзамини худ бошад.


















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






