Иштироки Пешвои миллат дар Форуми 12 — уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 2-юми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакарта дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Кори форум бо зарби рамзии дафи индонезӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Индонезия, вазири молияи ин кишвар ва раиси Бунёди форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ расман оғоз ёфт.
Дар кори ин чорабинии бузурги байналмилалӣ Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Гвинея Алфа Конде, Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдул Раззоқ, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Шайх Ҳасина, Сарвазири Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ, Раиси Бунёди Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ Мусо Ҳитам, намояндагони воломақоми ҷумҳуриҳои Алҷазоир, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Камбоҷа, Нигерия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва роҳбарону коршиносони варзидаи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла баргузории Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро иқдоми муҳим барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мухталифи раванди рушд ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир маънидод кард.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон вазъи ҷаҳони имрӯза зудтағйирёбанда буда бар асари чолишҳои нави ҷаҳонӣ ва афзоиши омилҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ суботи бозорҳои тамоми минтақаҳои олам халалдор ва суръати рушди иқтисодиёт паст шуда истодааст.
Аз ин лиҳоз, таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи ташаббусҳои тозаву роҳҳои муассири истиқрори суботи фарогир ва ба ин манзур таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон бошем.
Вазифаи умумии мост, ки замина ва механизмҳои нави ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро ба роҳ монем, изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мусоидат ба ҳамгироии бештар, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор гиранд.
Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягозорӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар чунин шароит Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии худро бо ҳамаи мамлакатҳои дӯст ва шарикони рушд, ҳамчунин созмону муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшида, ба рушду тараққиёти бештару хубтар ноил гардад.
Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамшарикии зич бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом буда, хоҳони ҳамкории васеъ ва воқеӣ бо онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,беҳтаргардонии кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ ва экологию солимгардонӣ мебошад.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат ба ҳамгироии бештару васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор дода шаванд.
Пас аз анҷоми кори Форуми 12 — уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳову ҳукуматҳо ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш барои хотира акс гирифтанд.




























Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






