Маъмурияти дипломатии Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид

Август 25, 2016 08:38

Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24 августи соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидие Леруаро бинобар анҷоми маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи бадастомадаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зимни гуфтушунид ҳамчунин мавриди таваҷҷуҳи тарафайн самтҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ қарор гирифтанд.
С.Аслов аз фаъолияти самараноки Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.

Август 25, 2016 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд