Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Индонезия
Душанбе, 01.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми мулоқоту музокиротҳои сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо маҷмуи санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия қабул гардид.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия имзо шуд.
Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризми Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумотҳои молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи маблағҳо ва маблағгузории терроризм ба имзо расид.
Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар раванди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Индонезия пурарзиш маънидод намуданд.












Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






