Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 августи соли 2016 дар шаҳри Пекин даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ли Хуейлай роҳбарӣ кард.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, фарҳангӣ ва башариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин росто ба ҷараёни иҷрои тавофуқоте, ки миёни роҳбарони ду кишвар моҳи июни соли равон ҳосил шуданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Бо назардошти сатҳи баланди ҳамкории сиёсии Тоҷикистон ва Чин, дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахш дар самти мубориза бар зидди чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






