Муҳаммад Ҳаниф Атмар: «Дӯстию бародарии Афғонистон ва Тоҷикистон аз муҳимтарин сармояҳо ва арзишҳои миллии мардуми Афғонистон аст»

Август 11, 2016 09:32

Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон доданд, ки дӯстию бародарии Афғонистон ва Тоҷикистон аз муҳимтарин сармояҳо ва арзишҳои миллии мардуми Афғонистон аст», — изҳор намуд Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бегоҳии дирӯз дар  Қасри Миллат баргузор гардид.
Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба хабарнигорон ҳамчунин баён намуд, ки аз мулоқот бо яке  аз шахсиятҳои барҷастаи аср-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад.
«Зимни баррасии мавзӯоти амният ва суботи минтақавӣ мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткорӣ таъкид гардид. Ба дарёфти роҳҳо ва василаҳо бар зидди ин падидаҳои номатлуб, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Масъалаҳои тақвият ва таҳкими бештари муносибатҳои неки ҳамҷавории ду кишварро низ баррасӣ намудем», -изҳор намуд ӯ.
Муҳаммад Ҳаниф Атмар инчунин илова намуд: «Дар ҳоли ҳозир дар минтақаи мо мушкилоти терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта пайдо шудааст. Мо ба Сарвари давлати Тоҷикистон итминон додем, ки Афғонистон дар мубориза бар зидди  терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир содиқ ва қобили эътимод  хоҳад буд».
Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳор намуд, ки аз муносибатҳои ҳамкории имрӯзаи ду кишвар розӣ ҳаст ва  омодаи идома ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон мебошад.

Август 11, 2016 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд