Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ
Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди СММ-ро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ба Тоҷикистон омадаанд ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайтҳои бонуфузи ин давлатҳоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта таъкид намуд, ки иштироки онҳо дар ин чорабинии сатҳи баланд боз як нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҳукуматҳои кишварҳояшон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои меҳварии вобаста ба об, ки дар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дарҷ гардидаанд, ба ҳисоб меравад.
Тавре таъкид шуд, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар оғози соли ҷорӣ бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ ва роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсис дода шудааст.
Дар мулоқот оид ба муҳимияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва мушкилоти глобалии вобаста ба обу беҳдошт табодули афкори судманд сурат гирифт. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки пешниҳоди нави ҷониби Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» ҷонибдории амиқ пайдо намуда бо иқдомҳои наву муҳим дар соҳаи об раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор вусъати тоза касб менамояд.













































Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






