Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ

Август 2, 2016 13:10

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз сатҳи ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд изҳори қаноатмандӣ карда, дар заминаи ҳамгироии исломӣ барои густариши робитаҳои манфиатбор омодагии ҷониби кишвари моро таъкид намуд.

Аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ иқдоми муҳими таҳкимбахшандаи ҳамёрии дуҷониба арзёбӣ шуд.

28656574421_6e2cd4e7ce_zТаъкид гардид, ки бо дарназардошти нақши муҳими Бонки Исломии Рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки ба рушди минтақавии кишвари мо мусоидат менамояд, Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки Исломии Рушд барои солҳои 2016-2018 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт 9 лоиҳаи афзалиятнокро муайян намуда, таҳкими муштаракоти дуҷонибаро дар доираи Барномаи махсуси Бонки Исломии Рушд барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2016-2020 муҳим ва саривақтӣ меҳисобад. Таъсиси Фонди ҳаёт ва маблағҳо барои ҳаёт, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ва дигар фондҳои шарик бо мақсади инкишофи соҳаҳои гуногуни давлатҳои аъзои Бонк таъсис дода шудааст, дар шароити таъсири ногувори буҳрони молиявӣ ба иқтисоди ҷаҳон иқдоми муҳим арзёбӣ шуд. Доир ба идомаи ҳамкорӣ дар сохтмон ва навсозии қитъаҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Кулма таклифу пешниҳодоти судманд баён карда шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои наву афзалиятнок, аз ҷумла мусоидат ба раванди барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ, бунёд ва навсозии роҳҳои автомобилгард, рушди истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Август 2, 2016 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд