Муоина ва машваратҳои  ҳатмии тиббӣ, ки  ҷавонон қабл аз издивоҷ бояд гузаранд, ройгон ба роҳ монда мешаванд

Август 31, 2016 10:08

   Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар махсус зикр гардида буд, ки «дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст».

Дарвоқеъ, дар  натиҷаи никоҳи хешутаборӣ шумораи кӯдакони маъюб дар ҷумҳурӣ хеле зиёд гашта, аз  25 ҳазор кӯдакони маъюби дар қайдбуда,  парастории 13 ҳазор нафарашон  бар  дӯши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо ин мақсад, шурӯъ аз 1 июли соли равон  қонунҳои ҶТ «Дар бораи манъ намудани никоҳи  хешутаборӣ»  ва «Дар бораи аз муоинаи  ҳатмии тиббӣ   гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» мавриди амал қарор гирифтанд.    Ҳадафи асосии тағйирот ба Кодекси оилаи кишвар, солим нигоҳ доштани оила, ки як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа аст, маҳсуб мешавад.

Тавре  ки сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Раҳматуллоев  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  яке аз сабабҳои маъюб таваллуд шудани кӯдакон- ин никоҳи хешу таборӣ мебошад.

«Сабаби 20-25 фоиз  маъюб  таваллуд шудани кӯдакон бемориҳои  ирсӣ мебошанд.  Ҳамаи муоина ва машваратҳои  ҳатмии тиббӣ, ки  ҷавонон қабл аз издивоҷ бояд гузаранд, ройгон ба роҳ монда мешавад»,- гуфт Шералӣ Раҳматуллоев.

Бино ба гуфтаи мусоҳиб, аз муоинаи  ҳатмии тиббӣ   гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ аҳамияти калон дорад.

«Мақсади Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин   солимгардонии ҷавонон,  насли оянда ва  пешгирии маъюбии кӯдакон мебошад.  Пас аз ҷорӣ гаштани ин қонун ҷавонон пеш аз никоҳ ҳатман аз муоинаи тиббӣ мегузаранд ва ҳангоми муайян шудани бемориҳои гузаранда ва хавфнок то муолиҷаи пурра барои издивоҷ ба онҳо иҷозат дода намешавад. Бемориҳои зиёди сироятӣ, аз қабили  оташак,  гонорея, сил ва дигар  бемориҳои гузаранда на танҳо ба шахси бемор, балки ба ҷуфти ӯ ва фарзандонаш хавф дорад. Ҳарчанд муоинаи пеш аз издивоҷ пештар ҳам дар Кодекси оила амал мекард, вале он ҳатмӣ набуд ва ягон натиҷаи дилхоҳ надод», — афзуд Ш.Раҳматуллоев.

Доктор Рустам (1)Дар марказҳои саломатии  кишвар аллакай ҷавонон аз ташхиси ҳатмӣ гузашта истодаанд. Дар ин бора   Рустам Шамсиддинов,   муовини директори Маркази саломатии шаҳрӣ оид ба  хизматрасонӣ ба модару кӯдак чунин гуфт: «Шурӯъ аз 1 июли соли равон  аллакай 305 нафар ҷавонон дар маркази мо аз муоинаи тиббии  ҳатмии пеш аз издивоҷ гузаштанд».

Тавре мусоҳиб иброз намуд, дар ин маркази  саломатӣ    утоқи алоҳида  барои машварат бо ҷавонон фаъол аст ва мутахассисони марказ ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳо  гузаронида, ба онҳо   маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Бояд гуфт, ки маҳз ба хотири солимии  ҷомеа,  соли равон бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марказӣ генетикӣ ба кор шурӯъ кард, ки дар он хизматрасонӣ ба мардум ба таври ройгон  ба роҳ монда шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 26 ҳазор нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки 35% онҳо аз никоҳи  хешутаборӣ ва аз 10 то 20% бар асари бемориҳои сироятӣ ба дунё омадаанд.

Бино ба гуфтаи равоншинос  Маҳмадуло Давлатов,     оқибатҳои асосии никоҳи  хешу таборӣ баъди чандин солҳо низ метавонанд аз худ дарак диҳанд.

«Ҳангоми таваллуди тифли носолим мушкилоти зиёд рӯи кор меоянд. Дар баъзе ҳолатҳо падару модарон ин мушкилотро бардошт карда наметавонанду аз кӯдаки носолим даст мекашанд»,- мегӯяд равоншинос.

Раванди  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон,  бахусус  ҷавонон имрӯз  сабаби зиёд шудани бемориҳои сироятӣ гаштааст.  Бархе  аз ҷавонон аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, никоҳ мекунанд ва  оила барпо месозанд, дар бисёр мавридҳо  қисме аз онҳо мубталои бемориҳои  сироятӣ мебошанд ва завҷаи худро сироят мекунанд. Дар натиҷа кӯдаки носолим ба дунё меояд.

Док Мухабат (1)Тавре ки мудири Маркази саломатии репродуктивӣ дар назди Маркази саломатии шаҳрӣ Муҳаббат Ҳусейнова  зикр намуд, пас аз қабули  қонунҳои мазкур ҷавонони зиёд  барои гузаштани муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ ба маркази саломатӣ  меоянд.  Мо ба ҷавонон ҳангоми гузаштани муоина маслиҳатҳои муфид дода, тавсия медиҳем, ки гузаштани муоинаи тиббӣ пеш аз издивоҷ- ин пешгирӣ аз  барпо намудани оилаи носолим мебошад.

М. Ҳусейнова ҳамчунин зикр намуд, ки  табибони    Маркази мо дар маҳаллаҳо, мактабҳо, коллеҷу донишгоҳҳо  дар байни занону  ҷавондухтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд:  «Табибон ба онҳо  бемориҳои  аз тариқи алоқаи ҷинсӣ гузаранда,  пешгирии сироятҳои гуногун, исқоти ҳамли номатлуб  ва  оризаҳои он,  умуман  тамоми  мавзӯъҳои  муҳими вобаста ба саломатиро  мефаҳмонанд, то онҳо  ҳангоми сар задани мушкилӣ сари вақт ба табибони оилавӣ муроҷиат кунанд»,- афзуд М.Ҳусейнова.

 

Мусоҳиб Ибодат Давлатова

 

Август 31, 2016 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид