Натиҷаи мулоқоти вазирони С5+1 дар Вашингтон мусбат арзёбӣ гардид

Август 5, 2016 11:19

Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Доираи васеи ҳамкории дуҷониба ва натиҷаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии сиғаи С5+1 дирӯз дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва муовини котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо натиҷаи мулоқоти вазирони С5+1-ро дар Вашингтон мусбат арзёбӣ намуда, аҳамияти баррасии масоили иқтисодӣ, амниятӣ ва муҳити зистро дар ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки худи ҳамон рӯз дар Департаменти давлатии ИМА вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниша Бисвал мулоқот анҷом додааст.
«Зимни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», — омадааст дар иттилоияи ВКХ.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии С5+1 дар шаҳри Вашингтон қарор дорад.

12

Август 5, 2016 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд