Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи С5+1 баргузор гардид
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 3 августи соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сиғаи С5+1, ки дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардид, ширкат варзид.
Дар чорабинӣ масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, муҳити зист ва масъалаҳои башардӯстона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ вазири корҳои хориҷӣ ҳамкории Тоҷикистону ИМА ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро дар давоми 25-соли Истиқлолият баланд арзёбӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши минбаъдаи ҳамкории тарафайн дар сиғаи С5+1 иброз намуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон умедвор аст, сиғаи С5+1 дар рушди ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА такони тоза хоҳад бахшид.
Ҷонибҳо лоиҳаҳои дар чаҳорчӯби сиғаи С5+1 таҳияшударо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, муҳити зист ва мубориза бар зидди терроризм баррасӣ намуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






