Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия
Душанбе, 01.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз муқарарароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ ба Индонезия омадааст, дар саҳни Қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия баргузор шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо самимона истиқбол гирифта, ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасии Индонезия ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб саф оростанд.
Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва парондани 19 шилик аз тупхонаҳо, фармондеҳи горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Зимни гузашт аз назди ҷузъу томҳои горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Индонезияро ба ҷо овард.
Дар ҳаминҷо Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷоко Видодо бо ҳайати расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори музокиротҳои қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузошт.






















Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






