Оғози сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара
Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи иншооти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад.
Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён ва як хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти бунёдшаванда ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои асосии донишгоҳ, ки 9 ошёнаро дар бар мегирад, дар зарфи қариб ду сол бо сифати баланд сохта ба истифода дода мешавад.
Ба гуфти лоиҳакашони иншооти мазкур дар бинои асосӣ аслан утоқҳои кории роҳбарияти донишгоҳ, кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ ҷойгир гардида, ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо фарогирии ҳазор ҷойи нишаст бунёд хоҳад шуд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор бигирад ва ҳамаи биноҳои таълимию ёрирасони донишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал кулли иншооти донишгоҳ барои 4 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар давоми шаш соли таҳсил пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли равон ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисоси соҳа бо қарори Ҳукумати мамлакат Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуд, ки ин яке аз нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалисозии ин тарҳро идомаи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат унвон намуда, онро дар беҳдошти солимии ҷомеа қадами устувор арзёбӣ карданд.
Дар мавзеи бунёди донишгоҳ, ҳамзамон корҳои сохтмонӣ дар Колеҷи тиббии ноҳияи Данғара ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ оғоз гардида, бомаром пеш меравад.













Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






