Омӯзгорони ноҳияи Деваштич вазъи таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабиро баррасӣ карданд
Деваштич, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои таълимии ноҳияи Деваштич барои соли нави хониши 2016- 2017 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои қабули хонандагон омода мебошанд,-зикр кард мудири шуъбаи маорифи ноҳия Зикрулло Иброҳимов дар маҷлиси машваратии августии омӯзгорон.
Бо мақсади таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ шуъбаи маориф ҳамкории байни сехҳои либосдӯзии ватанӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳияро ба роҳ монда, барои ба имзо расонидани шартномаҳо мусоидат менамояд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҷҳизоту лавозимоти мактабӣ аз ҳисоби буҷаи худи муассисаҳо ва дигар сарчашмаҳо ба маблағи 163 ҳазору 213 сомонӣ харидорӣ ва дастрас шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия то ба имрӯз 669 тонна ангишт захира карда шуда, нақшаи ҳезум ва оинабандӣ барзиёд иҷро гаштааст. Аз аввали соли равон 110 нафар омӯзгорон ба кор қабул карда шудаанд, ки аз онҳо 83 нафарашон мутахассисони ҷавон буда, аз ҷумла 60 нафарашон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд.
Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода иброз дошт, ки ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро якҷоя бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта, бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, бояд насли наврасро дар руҳияи ватанпарастию муҳаббат ба ватани аҷдодӣ тарбия намоем.