Пан Ги Мун: «Ман пешгомӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди мақсади рушди устувор оид ба об ва беҳдошт дар ҷаҳон дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунам»
Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ман пешгомӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди мақсади рушди устувор оид ба об ва беҳдошт дар ҷаҳонро дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунам»,- гуфта шудааст дар барқияи табрикотии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, ки онро муовини Дабири кулли СММ Гян Чандра Ачария дирӯз ба иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ироа намуд.
Дар барқияи табрикотии Дабири кулли СММ ҳамчунин омадааст: «Дар барномаи рушди устувор зикр гардидааст, ки дастрасии ҳамагон ба хизматрасониҳои асосӣ, аз ҷумла ба обу беҳдошт таъмин карда хоҳад шуд. Дар амал пиёда намудани ин нақша муносибати ҳамаҷонибаи ба принсипҳои ҳуқуқи инсон асосёфтаро тақозо менамояд. Ҳадафи шашуми рушди устувор умеду орзуҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба як экосистемаи солим барои ояндаи босубот ифода мекунад».
Муовини Дабири кулли СММ Гян Ачария зимни суханрониаш ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои ташаббуси саривақтӣ оид ба масъалаҳои об изҳори сипос намуд.
Хотиррасон мекунем, ки Симпозиуми байналмилалӣ имрӯз кори худро идома хоҳад дод. Дар он намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои об метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.
Дар маҷмӯъ, дар ин Симпозиум зиёда аз 700 нафар меҳмонон аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва ғайра ширкат меварзанд.













Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






