Пешвои миллат: Роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб аҳаммияти транзитии кишварро тақвият бахшида, барои пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд

Август 24, 2016 10:43

Душнабе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баробари ба фаъолият шурӯъ намудани роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб масофаи роҳ ҳамагӣ 119 километрро ташкил карда, интиқоли як тонна бор тақрибан 37 сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба хатсайри пешина қариб 115 сомонӣ арзон мебошад. Ин суханҳоро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб иброз намуд.
Ҳамчунин Президенти кишвар иброз дошт, ки хатти нави роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб на танҳо ҳамлу нақли молу маҳсулот, балки рафтуомади мусофиронро ҳам осону арзон гардонида, самаранокии иқтисодии яксолаи он 46 миллион сомониро ташкил медиҳад ва хароҷоти сохтмонро дар зарфи даҳ сол мепӯшонад.
Роҳи оҳани нав ҳамчунин шароиту имконияти мусоид фароҳам меорад, ки бору маҳсулоти кишвар ба сарҳади давлатҳои ҳамсоя бурда, дар муддати кӯтоҳ ба бандарҳои обии имконияти боркашониашон номаҳдуд расонида шаванд.
«Роҳи оҳани имрӯза аҳаммияти транзитии кишварро боз ҳам тақвият мебахшад ва барои пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, афзоиши даромад ба хазинаи давлат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон мусоидат мекунад»,- илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Август 24, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад