Рашт: «Корвони саломатӣ» беморшавии аҳолиро пешгирӣ мекунад

Август 3, 2016 08:52

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони саломатӣ» аз ҳисоби табибони ботаҷриба ташкил карда шудааст, ки ба минтақаҳои дурдасти кишвар сафар намуда, ба сокинон хизматрасониҳои ройгони тиббиро мерасонанд. Ҳадафи «Корвони саломатӣ» пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии мардум мебошад.
Ин навбат «Корвони саломатӣ» ба навоҳии Рашт, Лахш ва Сангвор таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов сафар намуд. Дар «Корвони саломатӣ» табибону мутахассисони касбии муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ шомил буда, машварату хизматрасониҳои гуногуни тиббиро манзури аҳолии минтақа гардониданд. Табибони соҳаҳои гуногуни тиб, аз қабили асабшинос, амрози занон, дилшинос, эндокринолог ва ҷарроҳон бо мошини муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои рентгении рақамӣ, фаросадоӣ, сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти  тиббӣ аҳолии ин минтақаҳоро аз ташхису муоинаи тиббӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Алимаҳмад Солиев, дар ноҳияи Рашт табибон беш аз ду ҳазор нафарро аз ташхису табобат гузаронида, 10 сокини ноҳияи Раштро ҷарроҳӣ карданд.

Август 3, 2016 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад