Робитаҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ рушд меёбанд

Август 17, 2016 11:37

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумаку дастгириҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз рушди босуботу бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон тайи солҳои охир ва ба хусус, пас аз боздиди расмии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин кишвар, ки моҳи январи соли 2016 ҷараён гирифта буд, густариш меёбад.
Кумаку дастгирии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ асосан тавассути Сандуқи Саудии Рушд ва Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона сурат мегирад.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рӯзҳои 11-13 августи соли 2016 як гурӯҳи  масъулон аз Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ  таҳти роҳбарии  муҳандис Аҳмад ибн Алӣ Ал-Без ба Тоҷикистон ташриф оварда, роҳҳои татбиқи тасмимҳои қаблан ҳосилшударо бевосита баррасӣ намуданд.
Намояндагони маркази номбурда  бо роҳбарону масъулин ва мутахассисони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба расонидани кумакҳо дар самти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз хавфи обхезии ҳавзаи дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ ва таҷдиди маркази таълимии наҷотдиҳандагон дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринавро баррасӣ намуданд.
Намояндагони Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ва мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав рафта, бо вазъи селпартои Чубекча ва садди соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили рости дарёи Панҷ ва таҷдиди маркази таълимии наҷотдиҳандагон  дар Қаратоғ бевосита шинос шуданд.
Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ  барои расонидани кумаки молиявӣ дар роҳи анҷом додани ин корҳо тасмим гирифтааст.
Расондани кумак ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳо самти дигари ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона аст.
Мавриди зикр аст, ки чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо мудири иҷроияи Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона  Моҳир Абдурраҳмон ал-Хадровӣ мулоқот намуда, роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ намуда буд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ  барои марҳилаи аввали ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, мустаҳкамсозии соҳилҳои осебпазири рӯду дарёҳо ва омодасозии касбии наҷотдиҳандагон барои Тоҷикистон 10 миллион доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.

Август 17, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд