Шиносоии Президент бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеъи Пуғуси ноҳияи Варзоб ташриф оварда, бо рафти корҳои ободонӣ шинос шуд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти сохтмони бинои баландошёнаи муосирро, ки бо тарҳи зебои меъмории миллӣ бунёд мегардад, мушоҳида кард.
Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён, меъморон ва устоҳои гулдаст барои дар сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки дар вақти бунёди иншооти мазкур ба масъалаи бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир, ба мисли кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯйи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам ойина оро додани бино диққати махсус дода шавад.
Мавриди зикр аст, ки ин бинои боҳашамат барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва қабули меҳмонони воломақом, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ истифода карда мешавад.
Бо шарофати истиқлолияту ваҳдати пойдор ва сиёсати неку созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардид. Барои пазироии самимии меҳмонони воломақом бошад, бо дастури Сарвари давлат иншооти гуногуни хизматрасонӣ инъикоскунандаи санъати баланди меъмории миллӣ, фарҳангу маданияти бою қадимаи тоҷикон, аз ҷумла меҳмонхона, бӯстонсаро, чойхонаҳои миллӣ ва дигар биноҳои хуштарҳ бунёд карда шуд.
Бӯстонсарои Пуғус, ки борҳо макони баргузории ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ гардидааст, бо ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як макони дилфиребу хушманзар табдил ёфтааст.
Иморатҳои хуштарҳи бо нақшу нигори миллӣ ороёфта, гулгаштҳои зебо ва аз ҳама асос боду ҳавои фораму дарёи софи Варзоб ба ин макон ҳусни тоза зам кардааст.















Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






