Ширкати «Гражданские самолёты Сухого» маҳсулоти худро ба кормандони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муаррифӣ кард

Август 25, 2016 10:43

Душанбе, 25.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати роҳбарикунандаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо директор оид ба фурўши ширкати «Гражданские самолёты Сухого»-и Русия Фируз Ҳасанов мулоқот анҷом дод. Кормандони ширкати «Гражданские самолёты Сухого» маҳсулоти худро ба менеҷерони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муаррифӣ карда, зикр карданд, ки ҳавопаймои SSJ100 барои иҷрои парвозҳо дар масофаи кўтоҳ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле мусоид мебошад. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки баъди аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунанда пешкаш кардани пешниҳоди тиҷоратӣ мулоқотро давом хоҳанд дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев иттилоъ дод.
Инчунин роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» бо намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways» мулоқот намуд. Намояндагон «Qatar Airways» ба роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» таърих ва фаъолияти худро муаррифӣ намуданд. Пас аз муаррифӣ, масъалаи ҳамкории имконпазир миёни ду ширкати ҳавопаймоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Русия, Чин ва Қазоқистон бомуваффақият анҷом медиҳанд.

Август 25, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст