Сохтмони роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб бо назардошти меъёрҳои муосир амалӣ гардидааст

Август 24, 2016 10:01

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб ба муносибати ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат мавриди истифода қарор гирифт.
Сохтмони роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб, нақбҳо ва пулҳои калону миёна аз тарафи ширкати 19-уми роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии  Чин аз ҳисоби қарзи «Эксимбонк»-и Чин сохта шудааст. Маблағи умумии сохтмон 71 миллиону 992 ҳазор доллари ИМА буда, 59 миллиону 993 ҳазор доллари ИМА маблағҳои асосӣ ва 11 миллиону 998 ҳазор доллари ИМА маблағҳои эҳтиётиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин 144,3 млн сомонӣ барои маводи зарурии бунёди роҳ ва харидории вагонҳо масраф шуда, корҳои навсозӣ бо назардошти меъёрҳои муосир амалӣ карда шудаанд.

Август 24, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад