То охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд
Душанбе, 25.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии мутахассисон то охири хафта дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш боқӣ хоҳад монд.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 29 август дар тамоми ноҳияҳои водии Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 40 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 38- 40 дараҷа хоҳад расид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат дар ғарб шабона 11-16, рӯзона 28-33; дар шарқ шабона 2-7, рӯзона 14-19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 14-19, рӯзона 38- 40 дараҷа гарм мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






