Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Таиланд нақшаи машваратҳои дуҷонибаро мувофиқа карданд
Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 23 августи соли 2016 бо ҳайати Шоҳигарии Таиланд таҳти роҳбарии муовини мудири кулли Раёсати Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хонум Пенпрапа Вонгковит мулоқоти корӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, саноат, илму маориф ва фарҳангию башарӣ баррасӣ шуданд. Алоқамандии мутақобил ҷиҳати таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва таҳияи созишномаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мазкур изҳор гардид. Дар ин замина нақша ва рӯзномаи машваратҳои дарпешистодаи байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мувофиқа шуданд.
Ҳамчунин атрофи ҳамкории Тоҷикистону Таиланд дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз чумла СММ, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Муҳовара оид ба ҳамкорӣ дар Осиё табодули назар сурат гирифт.








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






