26 нафар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз узвияти он хориҷ карда шуданд

Сентябрь 16, 2016 11:16

Душанбе, 16.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар маҷлиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) 26 нафар аъзои он хориҷ карда шуданд.
Ин иқдом ба хотири иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8-уми апрели соли 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ амалӣ гашта, натиҷаи кори комиссияест, ки бо ин мақсад ташкил шудааст.
Тавре аз Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, комиссия осори адибонеро, ки солҳои 2014-2015 бидуни омӯзиши ҷиддии маҳсули эҷодашон ба таври дастаҷамъӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд, омӯхта, хулосаҳои худро ба раёсати ИНТ пешниҳод кард.
Дар натиҷаи овоздиҳии якдилона Абдуҳалим Самадзода (Самадов Абдуҳалим Каримович), Усмони Сабз (Сабзов Усмон Раҳмонович), Самариддин (Яқубов Самариддин Эмомович, Наргис (Эшонҷонова Қурбоной Давлатовна), Ҷумъаи Махшул, Зикруллои Файзулло, Мирзоҳайдар Умарзод, Сумангул Бобоева, Наврӯзи Гулзода, Кулолӣ (Ҳаитбой Лоиқов), Эгамназари Соҳибназар, Субҳон Ёдгорӣ, Ваҳҳоб Набиев, Саидҷалоли Саид, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Муфаззали Аҷамрод, Файзулло Эшонҷон, Ширин Абдулло, Анвари Ҳусейн, Абдуқаҳҳори Қосим, Ҳазрати Ғайрат, Гулназар Хизмат, Гулназари Хатлонӣ (Бӯрӣ Гулназаров), Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ (Давлатов Абдураҳим Муталович), Маликаи Аваз (Авазова Малика Ҷондоровна), Нуралӣ Валӣ ва Дӯстмурод Ӯроқов аз узвияти ИНТ хориҷ шуданд
Кори комиссияи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ давом дорад.

Сентябрь 16, 2016 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд