Ҳаким Фузайлов: «Мо ба ғалаба наздик будем»
Душанбе, 7.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов, ки аз рӯзи интихоб шуданаш то ба имрӯз бо тими мунтахаби мамлакат 4 вохӯрӣ гузаронида, дар ягонтоаш мағлуб нашудааст(бо Бангладеш дар ду бозӣ 1:0, 5:0, Сурия 0:0, Фаластин 1:1), дар нишасти матбуотии баъдибозӣ дар варзишгоҳи «Дуръа» гуфт: «Сифати бозии бачаҳо маро қонеъ кард. Мо нисбат ба соҳибони майдон бартарӣ доштем. Бачаҳо низоми бозиро хуб риоя мекунанд ва он ҷое, ки тартибот ҳукмрон аст, натиҷа ҳосил мешавад. Дар ин вохӯрӣ мо ҳамаи бозингаронро аз назар гузаронидем. Фикр мекунам, ки даста бо роҳи дуруст равон аст».
Аз нуқтаи назари сармураббии дастаи мунтахаби кишварамон ҳунарнамоии Парвизҷон Умарбоев аз дигар легионерҳое, ки дар ҳайати даста бозӣ карданд, фарқкунанда аст, зеро Нуриддин Давронов ва Ҷаҳонгир Эргашев алҳол дар ҳайати дастаҳои худ ягон бозӣ накардаанд ва ин эҳсос мегардад.
Сабаби асосии ба бозиҳо набаромадани Нуриддин Давронов ва Ҷаҳонгир Эргашев дар ҳайати дастаҳояшон, пеш аз ҳама, ҳуҷҷатнигорӣ барои Нуриддин ва осебгирии Ҷаҳонгир мебошад.
Умед ҳаст, ки дар бозиҳои минбаъда ин бозингарон ҳарчи бештар ба майдони бозӣ меоянд ва малакаю маҳорати худро сайқал медиҳанд.








Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад






