Александр Чеферин президенти нави УЕФА интихоб гардид

Сентябрь 16, 2016 12:05

Душанбе, 16.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Афинаи Юнон Конгресси навбатии УЕФА баргузор шуд. Дар ҷараёни ҳамоиши мазкур Президенти нави ин созмони бонуфузи футболи Аврупоро интихоб намуданд. Ба ин мақоми олӣ номзадии роҳбари Созмони футболи Словения Александр Чеферин пазируфта шуд. Довталаби дигари мақоми номбурда дар УЕФА Президенти бошгоҳи шоҳонаи Ҳолланд Михаэл ван Праг 13%-и овозҳоро ба даст овард. Ин дар ҳолест, ки 42% аъзои Конгресс раъйи худро ба Чеферин доданд.
Президенти тозаинтихоби УЕФА Александр Чеферин аз соли 2011-ум бад-ин сӯ дар вазифаи роҳбари Созмони футболи Словения ифои вазифа менамуд.
Ёдрас мешавем, ки солҳои 2007-2016 мақоми роҳбарии УЕФА дар ихтиёри Мишел Платини буд. Аммо ӯ бо сабаби бархостани моҷаро гирди маъмурияти созмонҳои ҷаҳонӣ ва аврупоии футбол оид ба қазияи ришвахорӣ вазифаашро тарк гуфт. Платиниро дар ҷараёни тафтишот ба гирифтани 2 миллион франки швейтсарӣ аз собиқ Президенти ФИФА Зепп Блатер муттаҳам донистанд.
Ёдовар мешавем, ки Александр Чеферин ҳафтумин президенти УЕФА ба шумор меравад.

Сентябрь 16, 2016 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд