«Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш барои рушди соҳаи картошкапарварӣ 200 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст
Лахш, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Филиали рақами 11-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш дар шаш моҳи аввали соли 2016 барои рушди соҳаи картошкапарварӣ ва соҳибкории хурд ба сокинони ноҳия ба маблағи 368 ҳазору 400 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок додааст, ки 200 ҳазор сомонии он барои рушди соҳаи картошкапарварӣ мансуб аст.
Масъулини бонки мазкур 90 фоизи кормандони ташкилотҳои буҷавиро бо корти пластикии «Амонатбонк» таъмин намуда, ҳоло мутахассисони бонк дар сатҳи зарурӣ ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд.