«Авитсена» дар арафаи ҷашни Истиқлол дар Ҳисор фермаи ширию молиро таҷдид кард
Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати «Авитсена» дар шаҳри Ҳисор дар заминаи ҶДММ «Абдурауф Юсуфов» фермаи ширию молиро навсозӣ намуда, ба истифода дод.
Комил Холиқов, муовини директори ширкати «Авитсена» дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки ин тадбир, яъне таҷдиди фермаи ширию молӣ бо мақсади таъмини аҳолии шаҳри Ҳисор ва пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ андешида шудааст. Алҳол дар ферма 1000 сар чорвои калони шохдор барои истеҳсоли гӯшту шир парвариш мешавад, ки аз он 300 сарро чорвои ширдеҳи зоти голштин ташкил медиҳад. Комил Холиқов афзуд, ки бо таҷдиду навсозӣ ва мавриди истифода қарор додани фермаи чорвопарварӣ 47 нафар аҳолии маҳалӣ, ки 20 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Мавсуф афзуд, ки фермаи чорвопарварӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири сохти олмонӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар як шабонарӯз дар ферма 3,500 литр шир истеҳсол гардида, дар асоси қарордод ба комбинати шири Душанбе интиқол дода мешавад. Мудирияти ширкати «Авитсена» тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар назди ферма коргоҳи коркарди ширро ба роҳ монад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Авитсена» 20 сол муқаддам таъсис ёфта, самти фаъолияташ ба рушди истеҳсолот ва сохтмон нигаронида шудааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






