«Бояд донем ва тавонем» дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба намоиш гузошта шуд

Сентябрь 17, 2016 09:55

Хоруғ, 17.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байнамилалии муҳоҷират  бо намоишномаи  «Бояд донем ва тавонем» сафари ҳунарии худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуданд. Ин намоишнома дар бораи зиндагӣ ва рӯзгори муҳоҷироне, ки аз роҳи ғайрқононӣ вориди кишвари Русия мешаванд ва бидуни ягон ҳуҷҷатҳои зарурӣ кӯшиш мекунанд, ба шуғле андармон шаванд. Дар натиҷа баъди кори кутоҳмуддат ва ё дарозмуддат аз тарафи корфармо фиреб дода мешаванд ва ҳаққу ҳуқуқи шикоятро низ аз даст медиҳанд. Аловиддин Абдуллоев, ки дар намоишнома нақши асосиро иҷро мекунад, гуфт, ки саҳначаи мазкур агарчӣ кутоҳ аст, аммо тамошобин барои худ маълумоти кофӣ дар бораи муҳоҷиратро пайдо мекунад. Надонистани забони русӣ, фарҳанги давлати қабулкунанда, қонуну қоидаи ин кишвар оид ба муҳоҷират  масъалаҳоест, ки мо дар ин намоишнома рӯяшон бештар тамаркуз намудем.
Баъд аз ин сафари ҳунарии худро  дар вилояти Суғд ва ноҳияи Рашт идома медиҳем,-изҳор дошт Аловиддин Абдуллоев.

Сентябрь 17, 2016 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд