«Бояд донем ва тавонем» дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба намоиш гузошта шуд
Хоруғ, 17.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байнамилалии муҳоҷират бо намоишномаи «Бояд донем ва тавонем» сафари ҳунарии худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуданд. Ин намоишнома дар бораи зиндагӣ ва рӯзгори муҳоҷироне, ки аз роҳи ғайрқононӣ вориди кишвари Русия мешаванд ва бидуни ягон ҳуҷҷатҳои зарурӣ кӯшиш мекунанд, ба шуғле андармон шаванд. Дар натиҷа баъди кори кутоҳмуддат ва ё дарозмуддат аз тарафи корфармо фиреб дода мешаванд ва ҳаққу ҳуқуқи шикоятро низ аз даст медиҳанд. Аловиддин Абдуллоев, ки дар намоишнома нақши асосиро иҷро мекунад, гуфт, ки саҳначаи мазкур агарчӣ кутоҳ аст, аммо тамошобин барои худ маълумоти кофӣ дар бораи муҳоҷиратро пайдо мекунад. Надонистани забони русӣ, фарҳанги давлати қабулкунанда, қонуну қоидаи ин кишвар оид ба муҳоҷират масъалаҳоест, ки мо дар ин намоишнома рӯяшон бештар тамаркуз намудем.
Баъд аз ин сафари ҳунарии худро дар вилояти Суғд ва ноҳияи Рашт идома медиҳем,-изҳор дошт Аловиддин Абдуллоев.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






