Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод

Сентябрь 25, 2016 11:36

 Душанбе, 25.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Сари қоши ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазъи парвариши картошка, ғунучини ҳосили ба даст омада, кишти такрории заминҳо, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Иттилоъ доданд, ки дар мавзеи Сари қош дар майдони 15 гектар навъи хуби картошка, аз ҷумла Тоҷикистон, Пикассо, Кардинал, Ғончӣ кишт карда шудааст ва меҳнаткашон аз он ҳосили дилхоҳ руёниданианд. Тавре маълум гардид, ки дар ин минтақа баъди ҷамъ овардани ҳосили ғалладонагиҳо дар масоҳати 8 гектар кишти такрории сабзӣ, лубиё, мош ва дар майдони 50 садяк замин картошка кишт карда шудааст.

Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ аз қабили сабзавот, мевагиҳо, асал, гиёҳҳои гуногуни табии шифобахш, моҳии зиндаро ба меҳмонон пешниҳод намуданд. Тавре маълум аст, дар ин минтақаи кишвар соҳаи картошкапарварӣ, занбуриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ рушд карда истодааст ва дар намоишгоҳи имрӯза беҳтарин анво, меваю полезиҳо ва асал дар ҷойи махсус гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан карда, бо маҳсули дасти устоҳои чирадаст, дӯзандаҳои бомаҳорат, кадбонуҳо, дуредгарон ва дигар ҳунармандон, ки дар ин ҷо ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Сокинони ноҳияи Нуробод дар намоишгоҳи имрӯза дастоварди 25 — соли даврони соҳибистиқлолиро намоиш дода, дар гӯшаҳои махсус таомҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, қолинҳои дастӣ, асбобҳои рӯзғор ва расму оинҳои миллиро бо маҳорати баланд ва дар сатҳи хуби ташкилӣ пешкаш карданд.

Зимни тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари устоҳо, ҳосили фаровони меҳнаткашон ва дигар сокинони ноҳия, ки муҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузошта буданд, баҳои баланд доданд.

Сентябрь 25, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд