Бузургдошти Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар Қоҳира
Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қоҳира дар меҳмонхонаи «Софител Ал-Ҷазира» ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид.
Дар маросим муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Мурод ба сифати меҳмони фахрӣ иштирок намуд. Дар ҳамоиши мазкур инчунин аъзои парламенти Миср, сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвар ва расонаҳо, аҳли илму фарҳанг ва бозаргонони кишвари маҳалли иқомат ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Дар суханони шодбоши худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бар аҳаммияти сарнавиштсози Рӯзи Истиқлол дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва такомули он дар роҳи сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ таъкид намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






