Дар маркази вилояти Суғд Фестивали «Оши палав» баргузор мешавад
Душанбе, 30.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октяби соли равон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Фестивали «Оши палав» гузаронида мешавад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, фестивали мазкур дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд доир мегардад ва барои иштирокчиёни беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим мешаванд.
Хамчунин зикр гардид, ки ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали «Оши палав» аз рӯи бахшҳои «Оши палави беҳтарин» 5 000 сомонӣ, «Ошпази касбии беҳтарин» 3 000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни муйсафедон» 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол» 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни мардон» 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни занон» 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни домодҳо» 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни арӯсон» ва ғайра мукофотпулиҳо супорида мешаванд.
Хотирнишон бояд кард, ки бори дуюм аст дар вилояти Суғд Фестивали «Оши палав» доир мегардад.
Қабл аз ин дар соли 2015 низ чунин фестивал баргузор шуда буд ва дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






