Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун шароит барои гузаштан ба таҳсилоти равиявӣ ва касбӣ муҳайё мегардад
Роғун, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникии хонандагон дар доираи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва шахсони эҳсонкор бо техникаи компютерӣ таъмин гардиданд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун 310 адад компютер, 98 принтер мавҷуд аст, ки ба сари ҳар 15 нафар хонанда як компютер рост меояд ва 127 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Инчунин ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» 32 кабинети фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо лавозимоти зарурӣ ва муҳайё сохтани шароит барои гузаштан ба таҳсилоти равиявӣ ва касбӣ таъсис дода шудаанд.