Дар ноҳияи Носири Хусрав мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд
Қӯрғонтеппа, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав мактаби №15 ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорбой Одиназода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҳокимхон Вализода ва раиси ноҳияи Носири Хусрав Рамазон Оймаҳмадзода иштирок карда, хонандагонро ба омӯхтани илму дониш, аз худ кардани илму технологияи муосир ва ватандӯстию хештаншиносӣ даъват карданд.
Мактаби номбурда аз 6 синфхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва як утоқи корӣ иборат буда, барои 360 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Барои сохтмони мактаб кариб 2 миллион сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.