Дар Ню-Йорк ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Сентябрь 13, 2016 15:20

Душанбе, 13.09.2016. / АМИТ «Ховар» /. 8 сентябри соли 2016 дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи васеи Гурӯҳи «Дӯстони об» бо иштироки беш аз 70 намояндагии доимии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҷаҳонии оби рӯзномаи ҷаласа, аз ҷумла масъалаи пешбурди ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои гурӯҳи «Дӯстони об», ки қаблан дар Симпозиуми «Таъмини дастрасии универсалӣ ба об ва беҳдошт» (9-11августи соли 2016, ш. Душанбе) иштирок карда буданд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваффақона гузаронидани ин чорабинӣ арзи сипос намуданд.

Сентябрь 13, 2016 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд