Дар Қӯрғонтеппа маркази нави омӯзиши забонҳои русию англисӣ кушода шуд
Қӯрғонтеппа, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар кӯчаи М.Осимии шаҳр Маркази хизматрасонии таълимӣ-репетиторӣ оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре аз маркази иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ доданд, ин иқдом барои ҷалби насли наврас ва ҷавонон бобати омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан русию англисӣ аз тарафи суҳибкорзан Ҳамрохон Тоирова ба роҳ монда шуд. Хизматрасонии таълимӣ барои омӯзонидани забонҳои русию англисӣ ба кӯдакон, наврасон ва ҷавонону донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Машғулиятҳо гурӯҳию фардӣ бо усули муосир ва бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами таълимӣ ҷараён мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар кардааст, ки давлат фаъолияти озоди иқтисодии соҳибкорӣ ва имконияти анҷом додани ҳамаи намудҳои ин фаъолиятро кафолат медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои дастгирии чунин ташаббусҳои нек ҳамеша омода буда, барои таъмин намудани фазои соҳибкорӣ дар ҳудуди шаҳр тадбирҳои дахлдор меандешад.