Дар Роғун, Сангвор, Рашт, Тоҷикободу Лахш 25 — солагии Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ ҷашн гирифтанд
Душанбе, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иштироки меҳмонон ва сокинони шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ ҷашн гирифтанд. Зиёда аз 7000 нафар ҷавонону пирон, кормандони ташкилоту муассисаҳои ин минтақа бо шиору овезаҳо дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ намуданд.
Дар варзишгоҳҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мазкур сокинон табрикоти масъулинро шунида, барномаҳои ҳунарии шуъбаҳои фарҳангро тамошо намуданд.
Ҳамчунин дар ҷамъомадҳо кормандони фаъоли соҳаҳои тандурустию маориф ва фаъолони ҷамъиятӣ барои фаъолияти намунавӣ бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҳар як навоҳӣ бахшида ба ин ҷашни муқаддас намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва хӯрокҳои миллии минтақа доир гардида, ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.