Дар шаҳри Кӯлоб оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила семинар доир гардид
Кӯлоб, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тағйиру иловаҳо «Оид ба бастани аҳднома миёни навхонадорон» қабул гардид, ки амалӣ намудани ин самт барои мустаҳкамии оилаҳои ҷавон ва пойдор нигоҳ доштани сутуни оила муфид арзёбӣ мегардад.
«Ҳадафи асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур, пеш аз ҳама, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва нигоҳдории устувории оилаҳо мебошад. Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо минбаъд бастани аҳднома миёни навхонадорон ҳатмӣ мебошад», — гуфта шуд дар нишасти якҷояи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури кормандзанон ва мутахассисони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб.
Дар семинари омӯзишӣ гуфта шуд, ки сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳоро бармаҳал оиладор кардани навхонадорон, омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, вобастагии молиявии онҳо аз волидайн, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати хешовандони наздик ва хушунати оилавӣ ташкил медиҳанд.
Дар шароити Тоҷикистон, ки ҳудудан нисфи аҳолиро занон ташкил медиҳанд ва дар фарҳанг ва маданияти миллӣ нақши зан дар тарбияи фарзанд, устувории оилаю оиладорӣ ва ташкили ҳаёту фаъолияти оилавӣ хеле зарур мебошад, таҳкими имкониятҳо ва муносибатҳои ҳуқуқии байни зану шавҳар муҳим арзёбӣ гардид.
Семинар дар шаҳри Кўлоб бо баррасии масъалаҳои ҷорӣ идома ёфта, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд ва ҷиҳати пурра гардонидани лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодоти судманд намуданд.