Дар шаҳри Конибодом бахшида ба 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барномаи идона доир шуд
Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо шукуҳи хосса ва хотирмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил карда шуд. Дар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони барӯманд, ҷавонону наврасон ва оммаи васеи мардум раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ сокинони шаҳрро бо ҷашни таърихии миллат- 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар сидқан шодбош гуфт. Намояндаи Ҳукумати ҶТ, мушовири бахши Ёрдамчии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯразода зимни табрики сокинон изҳори итминон намуд, ки мардуми сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ тамоми неруву кӯшишро баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, амнияти миллӣ, якпорчагии Ватани азизамон равона намуда, дар пешрафти мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Баъдан роҳпаймоии идона бо гузашти ҳарбии қисми низомии 04080 оғоз гардид. Роҳпаймоии идонаро сарбозон, хизматчиёни давлатӣ, дорандагони мукофотҳои давлатӣ, кормандони соҳаи саноат, сохтмон, иқтисодиёт, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарон идома дода, бо парчамҳои давлатӣ гузоштанд.
Пас аз анҷоми роҳпаймоӣ барномаи консертии санъаткорони шаҳр пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






