Дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи «Низомномаи намунавӣ» таълим мегиранд
Душанбе, 1.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар тамоми ҷумҳурӣ Рӯзи дониш ҷашн гирифта шуд ва имрӯз тамоми донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна дари худро ба рӯи толибилмон боз намуданд.
Тавре ки Гуландом Гулшоева, ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иброз дошт: «Имрӯз дар фазои тантанавӣ мо ба мактаби худ 150 хонандаи синфи якро қабул намудем».
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли таҳсили 2015-2016 теъдоди хонандагони синфи як 200 ҳазору 36 нафарро ташкил медод. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 25 ҳазор ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ наздики 40 ҳазор донишҷў ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
«Имсол дар соҳаи маориф як навгонӣ ворид карда шуд. Дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи «Низомномаи намунавӣ» таълим хоҳанд гирифт. Яъне барномаи синфҳои ибтидоӣ аз рӯи низоми таълими салоҳиятнок ба роҳ монда мешавад. Бояд гуфт, ки 32 ҳазор муаллимони синфҳои ибтидоӣ аз тамоми муассисаҳои таълимӣ се моҳ бо курсҳои таълими нави салоҳиятнок фаро гирифта шуданд»,- иброз дошт Г. Гулшоева.
Инчунин мусоҳиб зикр намуд, ки ҳамаи муаллимоне, ки ин курсҳоро хонданд, соҳиби сертификат гашта, аз 1 сентябр тибқи Низоми нави таълимӣ корро шурӯъ менамоянд.
«26 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 низ ин курсҳоро хатм намуда, соҳиби сертификат гаштанд. Имсол муассисаи моро 150 нафар хонандагони синфи 11 хатм намуданд. Мувофиқи маълумоти Маркази миллии тестӣ теъдоди зиёде аз онҳо ба мактабҳои олии кишвар дохил шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта нишондоди хуб мебошад»,-зикр намуд Г. Гулшоева.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






