Дастаҳои иштирокчии даври нимниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон қувва месанҷанд
Душанбе, 14.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои иштирокчии даври нимниҳоии мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон маълум мегарданд. Баъд аз баргузории бозиҳои навбатӣ дар доираи мусобиқоти мазкур тими «Истиқлол»-и Душанбе баъд аз шикаст додани дастаи «Хайр»-и Ваҳдат ба ин марҳилаи рақобатҳо барои худ роҳ кушод. Акнун бозингарони «Истиқлол» бо тими «Равшан»-и Кӯлоб қувва месанҷанд.
Ҳамзамон ба даври нимниҳоии мусобиқаи мазкур дастаи «Ҳосилот»-и Фархор роҳ ёфтааст, ки футболбозони ин даста бо ғолиби ҷуфти «Хуҷанд»- «Регар Тад-АЗ» майдондорӣ хоҳанд кард. Ин ду даста як дидорро бо ҳисоби 3:1 бар манфиати футболбозони Турсунзода анҷом додаанд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии ҷавобӣ 27-уми сентябри соли равон дар назар аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






