Элизабет Миллард, сафири ИМА дар ҶТ: «Ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст»
Душанбе, 09.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллард мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати кишвараш шодбош гуфт. Дар Паёми табрикотии сафир, ки дар сомонаи расмии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷой дода шудааст, чунин омадааст:
«Аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардуми Тоҷикистонро бо 25-умин-солгарди истиқлолияти Тоҷикистон муборакбод мегӯям. Дар таърихи Тоҷикистон ин як марҳилаи муҳим аст ва Иёлоти Муттаҳида аз идома додани ҳамкорӣ шарафёб аст. Дар давоми 25 соли охир Иёлоти Муттаҳида соҳибихтиёрӣ, субот ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ба таври мунтазам мусоидат менамояд.
Уҳдадориамон нисбат ба Тоҷикистон ва халқи он на танҳо байни ҳукумати давлатҳоямон ҷой дорад, балки он миёни халқҳои мо – миёни донишҷӯён чун табодули дониш ва рушди фарҳанги навоварӣ дар байни онҳо суръат мегирад, миёни соҳибкорони ду давлат, ки ба рушди бозорҳои Тоҷикистон мусоидат мекунанд; ва миёни роҳбарон – чун дар такмил додани ислоҳоти муҳим, бартараф намудани чолишҳои муштарак ва фароҳам овардани имкониятҳои Тоҷикистон барои насли кунун ва оянда ҳамкорӣ менамоем.
Дар аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омадам ва хушбахт аз он ҳастам , ки дар чунин кишвари зебо қарор дорам. Ман на танҳо аз табиати зебои Тоҷикистон, балки аз мардуми ғайриоддии он дар тааҷҷубам. Бо намояндагони ҳукумат, рассомон, сиёсатмадору фаъолон, омӯзгорону хонандагон ва бисёр шахсони дигар вохӯрдам. Меҳмоннавозӣ ва самимияти халқи тоҷик маро то ҳол ба ҳаяҷон меоварад. Муносибат байни халқҳо омили асосии ҳар як муносибат мебошад ва барои ман ҳамчун Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки ба густариш ёфтани ин муносибатҳо мусоидат менамоям.
Чун мо 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем, муҳим он аст, ки на танҳо ба гузашта такя кунем, инчунин ба оянда низ бояд назар афканем. Боварии комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва ҷиҳати дастгирӣ намудани рушди ояндаи Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минбаъд низ ҳамкории наздик хоҳад кард.
Ба тамоми мардуми Тоҷикистон ин ҷашни шодию сурурро бори дигар табрик мегӯям ва умед аз он дорам, ки дар солҳои оянда муносибатҳои дустонаи мо боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт.
Ҳамкории Тоҷикистону Амрико ба хотири ояндаи дурахшон!








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






