Эмомалӣ Раҳмон: «Таълиму тарбияи насли наврас ва роҳнамоии дурусти ҷомеа омили муҳимми пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аст»
Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен баён доштанд, ки замони муосир дар баробари пешрафти илму техника, инчунин масъалаҳоеро ба миён гузоштааст, ки дарки онҳо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, ҳушёриву зиракӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад. Хусусан, дар солҳои охир тавсеа пайдо намудани зуҳуроти нангину хатарноки терроризму ифротгароӣ, ки аксаран таҳти шиорҳои динӣ ва зери ниқоби ислом сурат гирифта, аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, барои ноором сохтани вазъи ҷомеаи ҷаҳон истифода мешавад.
Ба иттилои Пешвои миллат, аз вилояти Суғд қариб 400 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 36 нафар сокинони ноҳияи Спитамен ба ҳаракату гурӯҳҳои ғайриқонунӣ шомил гардидаанд ва то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба хотири манфиатҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд.
«Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон, аҳли маориф ва фаъолон вазифадоранд, ки корҳои тарбиявиро дар байни наврасону ҷавонон вусъат бахшида, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд ва дар зеҳни наврасону ҷавонон ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва ватани соҳибихтиёрро тарбия намоянд»,- афзуданд Президенти кишвар ва таъкид намуд, ки таълиму тарбияи насли наврас ва роҳнамоии дурусти ҷомеа омили муҳимми пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир буда, аз роҳбарону фаъолон ва аҳли зиё тақозо менамояд, ки нисбат ба мушкилоту масъалаҳои мавҷудаи ҷомеа бетараф набошанд ва дар ҷодаи таҳкими асосҳои истиқлолияти давлатӣ ва таъмини тараққиёти минбаъдаи кишвар садоқатмандона хизмат намоянд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






